Please wait while JT SlideShow is loading images...
Kasri MillatIsmoili SomonyPeak Somony Mountain

Мусобиқаи футбол бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 июли 2016Сафорати Тоҷикистон дар ШМА бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи мини-футбол баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар ш. Вашингтон баргузор гардида, дар он шаҳрвандони Тоҷикистон ва инчунин кишварҳои минтақа ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи мини-футбол, қувваозмоӣ миёни 4 тим, “Тоҷикистон”, “Истиқлолият”, “Ватан” ва “Ваҳдат” сурат гирифт, ки дар натиҷа дастаи “Истиқлолият” ғолиби мусобиқа гардид.

Ҳамзамон, ба бозингарони фаъоли мусобиқа ва дастаҳои ғолиб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Иштирокчиёни чорабини  Шоҳрух Ҷанобиловро ҳамчун бозингари беҳтарини мусобиқа муайян намуданд.  Шуҳрат Муллоҷонов ва Қосимзода Акмалҷон ҳамчун беҳтарин ҳамлагарони мусобиқа ва Оятулло Сироҷов сазовори голи беҳтарин шинохта шуданд.

Нақши шаҳрвандони фаъоли кишвар муқими штати Вирҷиния ва шаҳри Вашингтон дар барпо намудани чорабинӣ назаррас мебошад.

Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ мусобиқаи навбатӣ бо иштироки доираи васеи ҷамъиятҳои тоҷикистониён дар ШМА барпо карда шавад.

 

 

 

president

mfa_tj

 

govinvest-logo en

Follow us